Back
  1. Ба ғолибон дар ҳар гурӯҳи синнусолӣ ва фаннӣ медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ бо шаҳодатномаҳои расмӣ тақдим карда мешаванд.
  2. Ба ҳамаи иштирокдорон сертификати иштирок дар Олимпиада дода мешавад, ки ин нишонаи расмии иштироки онҳо дар чорабинии байналмилалӣ мебошад.
  3. Ба дастаи беҳтарин, ки бо натиҷаи ҷамъбастии аъло ҷойи аввалро сазовор мегардад, мукофоти махсус бо номи мутафаккир ва муҳаққиқи маъруф – Умари Хайём (ҷом, диплом ва 1000 (ҳазор) доллари ИМА) тақдим мегардад.
  4. Ба ғолибони Олимпиада, ки дар соли баргузории Олимпиада муассисаи таълимиро хатм менамоянд, зимни дохилшавӣ ба муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пардохти шартномаи таҳсил тахфифҳои зерин дода мешавад:

– ғолибони ҷойи 1 – 50%;

– ғолибони ҷойи 2 – 40%;

– ғолибони ҷойи 3 – 30%.

  1. Хонандагони синфҳои 7, 8, 9 ва 10, ки дар Олимпиада ғолиб мегарданд, метавонанд бидуни озмун ба муассисаҳои таълимии типи нави мақоми ҷумҳуриявидошта, аз ҷумла мактабҳои президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат қабул карда шаванд. Ба хонандагони мазкур низ тахфифи 50% зимни пардохти маблағи шартномаи таҳсили иловагӣ дода мешавад. Ин имтиёз тибқи хулосаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
  2. Дар мавсими таътили тобистона ғолибони Олимпиада ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мешаванд.
  3. Мутахассисон ва мураббиёни иштирокдорон, ки дар омодасозӣ ва дастгирии иштирокдорон саҳми арзанда гузоштаанд, бо тӯҳфаҳо, сертификатҳо ва дигар шаклҳои қадрдонӣ, мукофотонида мешаванд.